June 2016

НАМОЯНДАГОНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР БАДАХШОН

Ҳафтаи гузашта гуруҳи намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо роҳбарии Тойво Клар – сарвари Департаменти Осиёи Маркази оид ба фаъолияти хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз Вилояти Мухтори
Кӯҳситони Бадахшон дидан намуданд.

Рафти сафари гуруҳи намояндагон, дар баробари дигар идораву муассисоти ҳамкори вилоят ва шаҳр бо фаъолияти Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Калам», Ташкилоти ҷамъиятиии  «Мадина» ва Маркази таълими калонсолони шаҳри Хоруғ шинос гардиданд.

Роҳбарони Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрванидии «Калам» Бурибек Бурибеков ва Ташкилоти ҷамъиятии «Мадина» Набот Додихудоева меҳмононро бо рафти иҷрои лоиҳаи «Тавсеаи ваколатҳои ҷавонон оид ба рушди устувор ва инкишоф», ки дар ҳамкорӣ бо Муассисаи ҳамкории байналмилии анҷумани омӯзиши калонсолони Олмон (DVV International – IIZ/DVV) ва маблаггузории Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон пиёда мегардада, шинос намуданд.

Қайд гардид, ки таи беш аз як сол ба мақсади таъсиси муҳити созанда ва мусоид барои иштироки ҷавонон дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, иқтидори интитутсионалии ин ташкилотҳо тақвият бахшида шуда, дар 7 ноҳияи вилоят барои даҳҳо нафар тренерон семинарҳои таълимӣ доир карда шуданд. Дар навбати худ ин тренерон ба мақсади такмил ва беҳбуди шаклу механизмҳои иштироки ҷавонон дар дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа, таъсису тақвияти курсҳои таълими оид ба роҳандозӣ ва тавсеаи соҳибкории хурд, таъмини дастрасии грантҳо барои ҷавонон, семинарҳои омӯзишӣ доир намуданд.

Сарвари Маркази таълими калонсоли шаҳри Хоруг Чаманоро Муаллимошева меҳмононро бо корҳои анчомдода оид ба ташкили курсҳои махсус барои омӯзгорони марказҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят шинос намуд. Ӯ иттилоъ дод, ки бо кумаку дастгирии Иттиҳоди Аврупо айни ҳол дар ихтиёри марказҳои таълими калонсолони вилоят маводу техника ва таҷҳизоти таълимии зиёд қарор доранд. Ин маводу таҷҳизот ва автомобилҳои бо кумакашон дастрасшуда имкон медиҳанд, ки рӯзҳои наздик ба чор адад курсҳои таълими калонсолон даҳҳо нафар хоҳишмандон дар ҷои истиқоматашон ба омӯзиш ва такимили касбашон фаро гирифта шаванд.

Тойво Клар аз корҳои анҷомдодаи ҳамкоронашон дар Бадахшон изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ изҳор дошт, агар кумаки онҳо барои беҳдошти ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ин минтиқаи кӯҳистони дурдаст созгор бошад, хеле хушҳол аст.

Мо аз ин баъд низ ба ин мақсад ҳамкориву кумакамонро тақвият хоҳем бахшид, хулоса намуд, сарвари Департаменти Осёи Миёнагии назди Иттиҳоди Аврупо.

Шонавруз АФЗАЛШОЕВ.
«Импулс»